Ба гузориши хабаргузории Абно, радиои артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки тимҳои амалиётии фаъоли артиши ин режим дар шаҳри Ғазза дастури омодасозӣ барои ақибнишинии комил дар рӯзҳои оянда ба хатҳои пуштибонӣ-ро дарёфт карданд.
Ҳамчунин сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ низ эълом кард, ки бар асоси дастуроти сарони сиёсӣ ва бар асоси арзёбии вазъият, артиш омодасозиҳои амалиётии худро барои иҷрои тавофуқ оғоз кардааст ва ҳамзамон омодасозиҳо ва иқдомоти размӣ-ро барои интиқол ба хатҳои истиқрори ислоҳшуда дар ояндаи наздик анҷом медиҳад.
Шабакаи ибрӣзабони Кан низ таъйид кард, ки низомиёни артиши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза шурӯъ ба омодасозӣ барои ақибнишинӣ аз Навор ба хатҳои тавофуқшуда кардааст.
Дар ҳамин робита, кабинеи амниятии режими саҳюнистӣ соати 5-и баъд аз зӯҳр ба вақти Қудси ишғолӣ, ҷаласаеро барои баррасии тавофуқи оташбас дар Ғазза баргузор хоҳад кард.
Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос шаби гузашта расман аз дастёбӣ ба тавофуқи оташбас дар ҷанги Ғазза дар раванди музокироти Шармушшайх байни гурӯҳҳои муқовимат ва тарафҳои миёнҷӣ ва душмани саҳюнистӣ хабар дод, ки ба поёни ҷанг дар Ғазза, ақибнишинии нерӯҳои ишғолгари саҳюнист, ва вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ва табодули асирон мунҷар хоҳад шуд.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико низ дар суханоне эълом кард, ки режими саҳюнистӣ ва Ҳамос бо марҳалаи нахусти тарҳи оташбас дар Ғазза мувофиқат кардаанд.
Вай гуфт, ки тамом асирони саҳюнист ба зудӣ озод хоҳанд шуд ва Исроил нерӯҳои худро ба хатҳои мавриди тавофуқ ақиб хоҳад кашид.
Your Comment